(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи нақшаҳои сохтмону навсозӣ дар ҳудуди беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис ёфта, дар ҳудуди муасиса бинои дуошёнаи лоиҳавии нав сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми ин бино маркази танзимгарӣ, ҳуҷраҳои корию истироҳатии табибону кормандон ва ронандагон бо ҳамаи шароит ташкил гардидааст. Ҳамчунин дар шафати бино мошинсарои стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ сохта шудааст.

Дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд бори аввал барои ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ дар стансия Маркази танзимгарии пайваст ба системаи идоракунии рақамии қабулу сабт ва ташкили ёрии таъҷилӣ ва маркази тамоси электронӣ таъсис дода шудааст.
Ин усули пешрафта имкон медиҳад, ки муроҷиат ва дархост ба ёрии таъҷилӣ мутобиқи меъёрҳои қабулшуда сабту танзим ва фиристонидани мошини ёрии таъҷилӣ ба роҳ монда шавад.