(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд мушкилоти сокинони маҳаллаи «Чорчароғ»-ро ҳал менамояд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи таҳиянамудани Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохуриҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони маҳаллаҳо ҳафтае ду маротиба гузаронида шуда истодааст.
Вохурии навбатӣ ин навбат бо сокинони маҳаллаи «Чорчароғ» дар мактаби таҳсилоти умумии № 20 баргузор гардид. Теъдоди аҳолӣ дар маҳаллаи мазкур 8312 нафар буда, дар ҳудуди  он   чанд таълимгоҳҳои умумӣ ва томактабӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдо ва ғайра  ҷойгиранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳозирон  бобати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи маркази вилоят маълумот дода қайд намуд,ки ҳоло тибқи нақшаи барномаи «Роҳҳои обод» 40 км роҳҳо таъмири ҷорӣ ва 35 км роҳ аз таъмири куллӣ бароварда шуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд мушкилоти сокинони маҳаллаи «Чорчароғ»-ро ҳал менамояд.Ба фаъолият шурӯъ намудани зиёда аз 30 корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ имкон дод,ки зиёда аз 900 нафар сокинон бо ҷойи кории доимӣ таъмин шаванд. Дар баробари ин соли равон ба  соҳаҳои  маориф ва тандурустӣ нисбат ба солҳои каблӣ бештар маблағ ҷудо гардид.
Таъмири беморхонаҳо, харидории таҷҳизоти нави муосири тиббӣ ба ин беморхонаҳо, ҷудо гардидани як миллион сомонӣ барои беҳтар намудани ғизонокии хӯрок барои муҳассилини  макотиби шаҳр, бо хӯроки гарми бепул таъмин намудани 700 нафар  наврасони ятими шаҳри Хуҷанд давоми соли хониш шаҳодати гуфтаҳои боло аст.
Дар ҳамин замина ҳоло барои ду нафар соҳибкор иҷозати сохтмони кӯдакистони хусусӣ дода шудааст,ки ҳар кадоми имкони фарогирии  то 300 нафар кӯдакро пайдо хоҳад кард.Зеро айни замон аз ҳисоби умумӣ танҳо 30 фоизи хоҳишмандон имкони ҷойгир намудани фарзандони худ ба кӯдакистонро доранду халос.
Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷи Ҳусейн Мусозода ба ҳозирон доири талаботи шариати Исломӣ дар мавриди тарзи либоспӯшӣ, намуди зоҳирии мӯътақидон ҳафр зада, иштирокдорони мулоқотро барои таҳкими ваҳдати мазхабӣ худдорӣ намудани занон аз иштирок дар намози ҷамоат дар масҷид даъват намуд.
Ҳозирон ба Раиси шаҳри Хуҷанд бобати барқарор  намудани хатсайри нақлиёти мусофиркаши 5 а дар маҳаллаи мазкур,таъмири симчӯбҳои барқӣ, азнавсозии майдончаи варзишии мактаб ва ба ҳолати аввала баргардондани ҳудуди мактаб, бо барқи озод ва об таъмин намудани ин муассисаи таълимӣ ва чанди дигар масалаҳои халталаби маҳалла муроҷиат намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси маҳалла масъули кор бо занон,нозирони минтақавӣ ва фаъолон дастур дод,ки баҳри ободии маҳалла, пешгирӣ намудани ҳолат ва шароитҳои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда бо мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.