(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Рӯдакӣ ва ҷашни Абдураҳмон Ҷомӣ дар Хуҷанд.Шоми дирӯз бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва 600 солагии Абдураҳмон Ҷомӣ назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ чорабании адабӣ фарҳангӣ бо иштироки ходимону илму фарҳанг ва зиёиёни маркази вилоят баргузор гардид.
Дар оғоз муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар пояи ҳайкали Абӯабдулло Рӯдакӣ сабади гул гузошта ҳозиринро бо ин рӯзи маърифату фарҳанг табрик намуданд.
Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов номаи табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонд.
Дар суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири аҳамияти шеър ва осори адабии Рӯдакӣ ва Абдураҳмон Ҷомӣ аз ҷумла зикр намуд: Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Рӯдакӣ ва ҷашни Абдураҳмон Ҷомӣ дар Хуҷанд.“Имсол таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ бо он иттифоқ афтод, ки соли 2014 “Соли бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ” эълон шуда, бо қарори ЮНЕСКО 600 солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамоми олам ҷашн гирифта мешавад, ки ин навиди неку пайки созандаро Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён дар соли равон эълон намуд.
Агар устод Рӯдакӣ дар асри даҳум бо ашъори ғаноманди хеш ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии мардуми замони худро боло бурда бошад, мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар асри понздаҳум бо равиши бадеӣ матлабњои њикамии хешро ҷаззобу хотирмон ва таъсирбахшу нишонрас ифшо карда, дар тарбияти маънавию ахлоқии одамон хидмат намудаааст”.
Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод низ рӯзу бузургдошти ин орифони маънию адабиётро ба ҳамдиёрон табрик намуд.
Баъдан муҳассилини таълимгоҳҳои шаҳри Хуҷанд аз ашъори Рӯдакӣ ва Ҷомӣ намунаҳо қироъат намуданд.
Суруду таронаҳои Ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ва Ҷӯрабек Муродов ба ин чорабинӣ файзу шукӯҳи хоса бахшид.