(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи «Мевағул».Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 23 бо сокинони маҳаллаи «Мевағул»-и маркази вилоят мулоқот анҷом дод. Дар суханони муқаддимавии худ номбурда ёдовар шуд, ки ин вохуриҳо дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта истодааст ва ин вохӯрӣ сеюмин ба ҳисоб меравад.
Раҷаббой Аҳмадзода доири пешравиҳои шаҳри Хуҷанд дар соли равон харф зада таъкид намуд, ки тамоми омилҳои пешравӣ пеш аз ҳама аз иштироки фаъолонаи ҳар як сокини шаҳри бостонии Хуҷанд маншаъ мегирад. Ташкили коронаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, дастгирии аҳолии ниёзманд, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, таъмир ва пурра мумфаршкуниии  роҳҳо, вусъати тозаи корҳои созандагию ободонӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ва ғайра асоси фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ташкил медиҳад. Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Хусейн Мусозода ва раиси Шӯрои бибиотунҳо Мастура Темирова дар бораи посдории арзишҳои исломӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои шомилшавии сокинон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, тарбия ҷавонон дар риояю эҳтироми мазхаби Ҳанафӣ, риояи суннатҳои мардумии маҳаллӣ дар либоспӯшӣ ибрози андеша намуданд.
Сокинони маҳаллаи мазкур ба Раиси шаҳри Хуҷанд аз таъмирталаб будани роҳҳои асосии маҳаллаи мазкур ва  боми хонаҳои истиқоматӣ изҳори нигаронӣ намуда, омодагии худро дар ислоҳи вазъ баён намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд  барои то охири моҳ аз таъмири ҷорӣ баровардани роҳи нақлиётии микроноҳия 12-ум ва 13-ум, ҷудо  намудани 5 ҳазор сомонӣ иловатан 2500 сомонии аз ҷониби сокинон барои таъмири боми хонаашон ҷамъоварда  ба роҳбарони воҳидҳои сохтории марбута супориш дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин пешниҳоди сокинонро доири бунёди чойхонаи маҳалла дар заминаи яке аз биноҳои бекорхобида дастгирӣ намуда барои ба расмият даровардани он супориш дод. Раиси маҳалла вазиифадор гардид,ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе қабули шаҳрвандони маҳалларо ба роҳ монда барои сари вақт огоҳ будан аз вазъи сокинон чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин бошандагони маҳалла ба Раиси шаҳри Хуҷанд дар мавриди ба тартиб даровардани низоми савдо дар «Ҷумъабозор», нигохубини дарахтони маҳалла ва ғайра дархост пешниҳод гардид.
Маҳаллаи мазкур 17 ҳазору 549 нафар аҳолӣ дошта яке аз маҳаллаҳои калонтарини шаҳр аст.