(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон.Имрӯзҳо дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои мухталиф мулоқоти вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта истодааст. Чунин як вохурӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби  вакилони Маҷлиси Намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов ва Мунаввара Кенҷаева бо кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ва интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохурӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, мулоқотро ифтитоҳ бахшид ва таъкид намуд, ки ин силсилавохӯриҳо барои боз хам беҳтар шудани иртиботи намояндагони мардум бо интихобкунандагон аст. Вакили мардумӣ Мунаввара Кенҷаева дар баромади худ доири аҳамияти қабули сарқонун кишвар, ки мардуми диёр дар арафаи ҷашни 20 солагии қабули он итодаанд сухан гуфта, зикр намуд,ки маҳз ин санади муҳими давлатӣ сарчашмаи тамоми санадҳои ҳуқуқӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Рушди кишвар тараққиёти соҳаҳои мухталифи он аз ин санади асосии давлат маншаъ мегирад.
Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 13 аз шаҳри Хуҷанд дар сӯхбати худ доири аҳамияти тақдирсози Сарқонун_Конститутсия ҳарф зада иброз дошт,ки дар марҳилаи имрӯза аҳамияти он бештар мегардад. Имрӯз давлати тоҷикон аз қабили кишварҳои камтарин аст,ки фаъолияти тамоми намуди ҳизбҳоро дар доираи қонун иҷозат додаст. Фаъолияти парлумони касбӣ дар асоси бисёрҳизбӣ мисоли ин гуфтаҳост.
Дар баробари дар ҳамкории судманд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳоло чанд масалаҳои муҳим аз қабили ҷудо намудани маблағ барои сохтмону бунёди иншоотҳои инфросохторӣ аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозбинии андоз аз арзиши иловашуда аз мактабҳои хусусӣ  ва чанде дигар мавриди баррасии мақомоти дахлдори кишвар қарор дорад.
Мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи шаҳри Хуҷанд Абдураҳим Солиев дар мавриди мушкилоти андоз аз аризиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ изҳори андеша намуда, дархост намуд,ки ин масала бо иштироки коршиносон ва масъулини соҳа муҳокима гардад.