(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБори аввал дар Тоҷикистон як платформаи тиҷорати электронӣ, як мағозаи онлайни тиҷорати электронӣ, ки дар бораи маҳсулот ё хидмати шахсони сеюм маълумот медиҳад, таҳия ва ҷорӣ карда шуд. Ба ин муносибат дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд мағозаи онлайнӣ таҳти унвони «Obbo» бо иштироки васеи меҳмонон муаррифӣ гардид.

Дар мағоза намунаи беҳтарин маҳсулоти мӯдшуда, аз ҷумла либос, пойафзол ва лавозимоти гуногун барои занон ва мардон пешкаш карда шуд.

Намунаи либосҳо низ бо ҳузури тарроҳон муаррифӣ гардид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд