(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинҳои дастӣ дар шаҳри Хуҷанд, тавассути омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши Марказҳои ҳунармандӣ як гуруҳ ҳунармандони вилояти Суғд аз ҳисоби Марказҳои атласу адрасбофӣ, кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.

Ҳайати ҳунармандони вилояти Суғдро ҳокими шаҳри Марғелон Адҳамҷон Зиёваддинов пазироӣ намуд.

Дар доираи сафари корӣ боздиди ҳайати ҳунармандон аз шаҳрҳо Марғелон, Фаргона, Риштон, Қуқанд, Намангон дар назар аст.

Бояд қайд намуд, ки сафари занони ҳунарманд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳандозӣ гардидааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд