(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи чорабиниҳои филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи имрӯз хониши сиёсӣ бо мутахассисони ҷавони беморхонаи шаҳрии №1 баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ, масъулин вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки дар даврони истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи ҳисси бедориву худшиносии миллӣ, махсусан, густариши эҳсоси ватандӯстиву зебоишиносии наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида истодааст. Натиҷаи дастовардҳои Истиқлолият аст, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.

Имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд