(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим ва яке аз самтҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Дар кӯдакистонҳо ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда, ба воситаи он дар тинати кӯдакон тарбия намудани тарзи ҳаёти солим, ҷусту чолокӣ, далерӣ, ҳушёрӣ, зиракӣ, шуҷоат, пуртоқатӣ ва матонатро талқин менамоянд. Мусобиқаи навбатии варзишии «Офарин» дар МТТ№9-и шаҳри Хуҷанд бо тарбиятгирандагони гуруҳҳои омодагӣ ба мактаби ин муассисаи томактабӣ сурат гирифт.

Иштирокдорони мусобиқа бо тимҳои "Зиракон" ва "Далерон" аз рӯйи шартҳои давидан аз байни монеаҳо дар шакли морпеч, аз нақб гузаштан, ҳаво додани тӯб ба сабад, ҷаҳиш аз ҳалқа бар ҳалқа, ҳалқача нишон гирифтан, болои тӯпи калон нишаста, ҷастан, ҳалқаҳоро аз болои худ гузаронидан ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд ва завқи кӯдакона иҷро намуданд.

Ба ғолибон ва иштирокдорони мусобиқа туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ҷараёни мусобиқаи варзишии «Офарин»-ро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва ва маъмурияту мураббиёни кӯдакистони №9 мушоҳида намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд