(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altСафири Бритони Кабир дар Тоҷикистон Тимоти Маршал Ҷонс дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд аз Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспири шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.

Хонандагону омўзгорони ин Маркази омўзишӣ сафирро бо анъанаҳои неки тоҷикона истиқбол гирифтанд.

Зимни шиносоӣ ба сафир иттилоъ дода шуд, ки Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 15 сол инҷониб фаъолият дошта, ба омўзонидани забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, курсҳои интенсивии равоншиносӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бо забони англисӣ машғул аст. Дар Марказ зиёда аз 10 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба, докторони илм, номзадони илм, Аълочиёни маориф бо маоши хуб ва ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Ҳамасола зиёда аз 200 нафар курсҳои мухталифи Марказро хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома мегарданд ва дар давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ амсоли Олмон, ИМА, Чин, Корея, Бритониёи Кабир, Русия ва ғайраҳо идомаи таҳсил ё кору фаъолият менамоянд.

Сафири Бритони Кабир дар Тоҷикистон Тимоти Маршал Ҷонс зимни шиносоӣ бо ҷараёни машғулиятҳо ва иштирок дар мубоҳисаҳои хонандагон қаноатмандии хешро аз сифати таълим ва баргузории машғулиятҳо изҳор дошта, ба сатҳи забондонӣ, нотиқӣ, ҷаҳонбинӣ, нуқтаи назари илмӣ омўзандагон баҳои баланд дод.

Роҳбарияти Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир изҳор дошт, ки курсҳои забономўзӣ аз синни хурди мактабӣ, то хамткунандагон, ҳамчунин барои калонсолон ва дигар хоҳишмандони омўзиши забонҳои хориҷӣ вобаста ба талабабот аз 3 моҳ то 2 солу 5 моҳ омўзонида мешавад. Дар Марказ баргузории ҳаргуна озмунҳо баҳри ҳавасмандӣ байни омӯзгорон ва идрорпулӣ барои хонандагони лайёкатманд ва пешқадам муайян карда шудааст.

Сафири Бритони Кабир дар Тоҷикистон Тимоти Маршал Ҷонс дар анҷоми боздиди худ изҳор дошт, ки дар оянда ҳамкориро баҳри пешрафти Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир тақвият мебахшад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд