(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаҳри амалӣ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим ва яке аз самтҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиятгирандагони ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои №4 ва №7-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии «Офарин» таҳти шиори «Мо кӯдакони хушбахтем» баргузор гардид.

Иштирокдорони мусобиқа аз рӯйи шартҳои давидан аз байни монеаҳо дар шакли морпеч, ҷаҳиш аз ҳалқа бар ҳалқа, ҳалқача нишон гирифтан, болои тӯпи калон нишаста, ҷастан, ҳалқаҳоро аз болои худ гузаронидан ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд ва завқи кӯдакона иҷро намуданд.

Дар натиҷаи қувваозмоӣ байни дастаҳо бо даст овардани холҳои ягона дӯстӣ ғалаба намуд.

Ба ғолибон ва иштирокдорони мусобиқа туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ҷараёни мусобиқаи варзишии «Офарин»-ро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева ва маъмурияту мураббиёни кӯдакистонҳои №4 ва №7 мушоҳида намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд