(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода роҳбари ширкати туркии «Анталия Бертекалик Сузе»-Ҳами Бас оглу ва ҳайати ҳамроҳонашро, ки бо сафари корӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Фирдавс Шарифзода нахуст меҳмононро ба шаҳри бостонии Хуҷанд хайрамақдам гуфта, аз ҷумла афзуд, ки ин ҳама натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган мебошад, ки дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн саҳмгузор ҳастанд.

Сафари чанде қабли ҳайати вилояти Суғд бо роҳбариии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба як қатор шаҳрҳои кишвари Туркия ба ин ҳамкориҳо саҳифаи тоза зам намуд. Умедворем, ки тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун ба манфиати тарафҳо мешавад.

Роҳбари ширкати туркии «Анталия Бертекалик Сузе»-Ҳами Бас оглу аз пазироии самимона ва дўстона арзи сипос намуда, зебоии шаҳри Хуҷанд, таровату тозагии онро васф кард. Таъкид кард, ки чунин шаҳри иқлими тоза, мардуми кушодчеҳра, дорои маданияти баланд, таърихи куҳан ва рў ба рушду тараққиёт ҳайати ҳамроҳонашро ба ваҷд овардааст.

Зимни боздиди боғҳои истироҳатӣ, ботаникӣ ва идораи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд аз зебоипарастӣ ва меҳнатдӯстию сабзкорӣ ва ободонии мардуми шаҳри Хуҷанд завқи тоза намуданд. Қобили зикр аст, ки аксари гулу дарахтони дар Хуҷанд парваришёфтаистода дар Анталия низ маъмул аст, яъне иқлими созгору ҳамнафас ба мушоҳида мерасад.

Таъкид шуд, ки дар шаҳри Анталия теъдоди зиёди гармхонаҳои инноватсионӣ мавҷуд буда, саҳми онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ назаррас аст. Илова бар ин, марказҳои зиёди парвариши гулу ниҳолҳои ороишӣ фаъолият дошта, дар он тарзу усули муосири парвариш истифода мегардад.

Ширкати «Анталия Бертекалик Сузе» омодааст, ки дар маслиҳат, парвариш ва дастраснамоии гулу дарахтони ҳамешасабзи мутобиқ ба иқлими Хуҷанд кўмаки амалии хешро расонанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо баҳри амалисозии лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳоро дар самти сабзкорӣ, ободонӣ, парвариши ниҳолу гулбуттаҳо ба мувофиқа расиданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд