(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

ПОСДОРОНИ МУҲИТИ ВАТАН

Ҳамшаҳриёни азиз!

Ҳамасола дар қаламрави олам санаи 5-уми июн ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Ба ин муносибат шумо – собиқадорону кормандони соҳа, дўстдорони табиат ва он нафаронеро, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон саодати зиндагӣ, хонаи обод, тавфиқу пешравиҳои бешуморро таманно мекунам.

Тавре ба мушоҳида мерасад, вазъи муҳити зист дар сайёра дигаргун мегардад ва мо, сокинони сайёраро зарур меояд, ки баҳри ҳифз ва ҳимояи неъматҳои табиат талош варзем. Эълом гардидани Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист маҳз ҳамин маъниро дорад ва барои огоҳӣ пайдо намудани ҷомеа ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии онҳо вобаста ба муаммоҳои экологӣ тадбири асосӣ ва саривақтӣ маҳсуб меёбад. Инсон бо табиат робитаи зич дорад ва онро чун манбаи ҳастӣ барои зиндагии хеш истифода мебарад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба ҳифзу тозанигоҳдории муҳити зист як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, тибқи онҳо чорабиниҳо амалӣ гардида истодаанд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ободониву созандагиҳо, аз қабили маъракаҳои ниҳолшинонӣ, гулшинониву кабудизоркунӣ, тозаю озода намудани соҳилҳои рўду дарёҳо, ҳамчунин маърифатнок гардонидани насли наврасу ҷавон тадбирҳои саривақтӣ амалӣ мегарданд. Сокинони Хуҷандшаҳри бостонӣ низ дар пиёда намудани он дастуру супоришҳо иштироки фаъолона дошта, бо талошу заҳматҳои пайгиронаи хеш ба ҳусни шаҳри азизамон таровати хоса мебахшанд.

Бори дигар ҳамаи шумо, дастандаркорони ҳифзи муҳити зистро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист табрик намуда, ҷиҳати иҷрои рисолати касбиатон комёбиҳои беназир орзу менамоям!

Доимо саломату сарбаланд бошед!