(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар ширхоргоҳ-кўдакистони №23 машғулияти намунавӣ аз саводомўзӣ бо забони русӣ зери роҳбарии муаллимаи фанни забони англисӣ Заррина Исломова бо истифода аз аёниятҳои таълимӣ ва технологияи муосир гузаронида шуд.

Кўдакон бо шавқу завқи тоза мафҳумҳои наву тозаро аз забони русӣ омўхта, дар машғулият фаъолнокӣ зоҳир намуданд.

Дар ҷараёни машғулият мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева иштирок намуда, роҷеъ ба муҳтавои машғулият андешаҳои хешро баён дошт.

Таъкид шуд, ки ҳанўз соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд, ки дар асоси он се маротиба барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Охирин Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 қабул гардида, татбиқи он барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳр бо мақсади забономӯзии кӯдакон ба омўзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд