(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

АЙЁМИ ХУШИ КӮДАКӢ – САРЧАШМАИ ОЯНДАИ НЕКИ ЗИНДАГӢ

Кўдакон ва наврасони меҳрубон!

Ҳар сол рўзи 1-уми июн - Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад ва дар иртибот ба он аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли кўдакону наврасони саодатмандро бо ин санаи таърихӣ табрику муборакбод мегўям ва ба онҳо айёми хуши наврасӣ, осмони софу беғубор, оромию осудагӣ ва хандаҳои беғаши тифлиро таманно дорам.

Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад ва ба ин муносибат тадбиру чорабиниҳои ҷолиб дар қаламрави шаҳр доир мегардад.

Ҳанўз 72 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон Рўзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдак таъсис ёфт ва бори аввал он соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардид.

Ин сана мо, волидайнро ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ вазифаву ўҳдадориҳои моро мушаххас намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани имконоти моддию маънавиро вазифаи асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн меҳисобанд.

Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кўдакон бо ғамхорию меҳрубонӣ фаро гирифта шудаанд ва дар муҳити оилаву кўдакистонҳо тарбияву таълими хуб дида истодаанд. Ба кўдакони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепарас-тор таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад. Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон изҳор медоранд, ки ягон кўдаки ятиму бепарастор ва маъюб бе таваҷҷўҳ нест. Давлат онҳоро ба паноҳи хеш гирифтааст, таълиму тарбия медиҳад, соҳиби касбу кор мегардонад ва ояндаашонро таъмин месозад.

Воқеан, кўдакони шаҳри Хуҷанд низ бо меҳру муҳаббат фаро гирифта шудаанд ва аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранд.

Дар шаҳри Хуҷанд барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кўдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, таъсиси мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон ва баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Дар соли таърихӣ – 25-солагии ба имзо расидани истиқрори сулҳ дар кишвар ва эълон шудани рўзи 27-уми июн – Рўзи ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо тадбир бар манфиату тарбияи неки кўдакон доир хоҳанд гашт.

Бори дигар, Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдаконро ба ҳамаи кўдакони некбахти диёр шодбод гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳамеша сулҳу ваҳдати тоҷикон побарҷо, кишварамон обод, кўдаконамон саодатманд ва ояндаашон дурахшон бошад.

Айёми хуши кўдакӣ муборак, дўстрўякони азиз, гулғунчаҳои боғи зиндагӣ!