(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ўзбекистон даври вилоятии озмуни “Ҳафтаи Мӯд дар водии Фарғона 2022” доир шуд, ки дар он донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, узви фаъоли маҳфили илмӣ – ҳунарии “Лоиҳакаши муосири либос” Малика Уралова ширкат варзида, аз миёни 10 нафар довталабони омзун аз кишварҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон мақоми аввалро ба даст овард.

Малика Уралова дар озмун 5 номгўйи либосҳои дўхтаи худро, ки аз матои атлас буданд, пшниҳоди аъзои ҳакамот намуда, баҳои баландтаринро соҳиб гардид.

Озмуни минтақавии “Ҳафтаи Мӯд дар водии Фарғона” бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии “Оянда аз имрӯз оғоз мешавад” сурат гирифта, он дар доираи лоиҳаҳои мақомотҳои маҳалии Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуда, ҳадафи он сарҷамъ намудани соҳибистеъдодҳо ва инкишофи дӯстӣ байни минтақаҳо мебошад.

Малика Уралова дар курси 3-юми ихтисоси истеҳсолоти маҳсулоти дўзандагии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, то ба имрўз дар якчанд озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, мақомҳои оистаро соҳиб шудааст.

Акнун Малика Уралова шарафи кишварамонро дар даври байналмилалии озмун, ки дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир мешавад, ҳимоя хоҳад кард.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд