(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуд.Дар яке аз маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд хобгоҳи барои 200 нафар низомиёни қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ бо тамоми шароиту имкониятҳо бунёд ёфта истодааст. Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз иншооти мазкур дидан намуд. Назар ба маълумоти сардори идораи сохтмони асосии шаҳр Музаффар Шокиров ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум ва дуюм асосан ба охир расида, девори қисмати сеюми бино қомат рост менамояд.
Ҳоло дар иншоот ҳамарӯза зиёда аз 50 нафар сохтмончиён машғули коранд. Раиси шаҳри Хуҷанд супориш дод,ки барои таъмини вусъати кор дар сохтмон дастур дод, корҳои насби дару тирезаҳоро оғоз намоянд.
Дар назар аст, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар аввали моҳи октябр ба охир расида сипас корҳои рангу пардоздиҳӣ оғоз гардад. Дар баробари ин Ширкати «Аъзам-Ю» ,ки корҳои сохтмонии хобгоҳи мазкурро ба зимма дорад, корҳои таъмиру азнавсозии бинои маъмурии қисми низомии 3501-ро низ оғоз намудааст. Тибқи нақша қисми низомии мазкур аз маркази шаҳр ба ин бино кӯчонда шуда, бунёди инфросохторҳои лозима барои низомиёни ин қисми ҳарбӣ пешбинӣ шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд,к ибо истифода аз ҳавои мусоид корҳои ин иншоотро низ вусъат бахшанд.