(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altГуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар чаҳорчӯбаи сафари кории худ дар қисмҳои низомии ҷануб ва шарқи кишвар дар қисми низомии 0307 қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ мулоқот анҷом доданд.

Набӣ Ҷӯразода ва Азимҷон Аҳрорӣ кормандони масъули бахши фарҳанги шаҳр доир ба дастовардҳои Истиқлолият, саҳми сарҳадчиён дар пешрафту шукуфоии мамлакат хизмати содиқонаи онҳо ва гузаштани дарси мардонагӣ андешаҳои хешро баён дошта, бо ифтихормандӣ ҳар якеи сарҳадчиёнро симои олии пайравӣ ба дигар ҷавонон арзёбӣ намуданд.

Подполковник Ҷонибек Наврӯзов, муовини қисми ҳарбии 0307-и қӯшунҳои сарҳадӣ барои ташкили чунин мулоқот ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд арзи миннатдорӣ намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд