(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2016, таҳти рақами 118 "Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Чумхурии Точикистон", Қарорҳои Раиси вилояти Суғд аз 25 апрели соли 2022, 137 ва Раиси шаҳри Хуҷанд аз 13 майи соли 2022, 201 "Дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила" бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифату одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд маҳфили фарҳангӣ-маърифатии "Оила-маскани меҳру муҳаббат" баргузор гардид.

Дар маҳфили идона 5 ҷуфт аз беҳтарин оилаҳо, ки нав бунёд шудаанд ва зиёда аз 50-сол зиндагии ободу осоишта, барои ободиву рушди Ватани азизамон хизматҳои арзанда намуда, ҳамчун оилаҳои намунавӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд маҳбубият доранд, иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хучанд Муяссара Қаҳорӣ номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Гуфта шуд, ки оила рукни асосии ҷомеаи маҳсуб ёфта, аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад. Мусаллам аст, ки мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаву оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаву одатҳоро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон ҷойгир намоем.

Ниҳоди оила бояд ҳамеша саршори меҳру муҳаббат ва хушбахтиву саодат бошад. Зеро инсон иззату эҳтиром ва муносибат нисбат ба калонсолон, падару модар, меҳру шафқат ба кӯдакон, рафтори самимона нисбат ба достонро дар муҳити оила меомӯзад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби шӯъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хучанд, Хонаи ақди никоҳ ва шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд ба як ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ба оилаи тифли навзод шаҳодатномаи таваллуд ва ба оилаҳои барӯманд, ки 10, 45 ва 52- соли собиқа ҳамзистии доранд, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Барномаи фарҳангӣ табъи идонаи иштирокчиёнро болида намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд