(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Ҷомеаи солим аз оилаи солим

Ҳамшаҳриёни азиз!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад.

Мо, тоҷикон соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошем, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дар бар мегирад, ки риояи он имкон медиҳад, оилаҳои босуботу пойдор ва хушбахт бештар шавад.

Мусаллам аст, ки мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаю одатҳоро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон ҷойгир намоем.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои муаззами миллат ба фаъолияти занону ҷавонон эҳтироми хоса зоҳир менамоянд ва дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид шудааст.

Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд намудаанд: «Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.»

Давлат ва оила бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд.

Конститутсияи кишвар таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доштани оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдакро кафолат додааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҳкими оила, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад.

Бори дигар сокинони Хуҷандшаҳри бостониро бо Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, солим рушду нумӯъ намудани оилаҳо, давлатамон тавоною миллатамон сарбаланду пойдор, фарзандонамон солиму некбахт буданро таманно менамоям.