(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз як гуруҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва волидайни наваскарон бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода бо мақсади аёдати сарбозон ба қисмҳои низомии ҷанубу шарқи кишвар сафарбар карда шуданд.

Ин иқдом бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода амалӣ гардида, ҳадаф фароҳамсозии дидори волидайн бо фарзандони шуҷои хеш мебошад, ки алъон дар қисмҳои ҳарбии ҷузъ томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат адои хизмат намуда истодаанд.

Гуруҳи кориро намояндагони шуъбаи фарҳанг, аҳли санъат низ ҳамроҳӣ доранд, ки то ин ки бо фароҳамсозии фазои фарҳангӣ дар мулоқоту дидорбинии волидайн бо фарзандонашон саҳмгузорӣ намоянд.

Дар нақшаи гуруҳи корӣ аёдати сарбозон дар қисмҳои низомии шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Фархор, Кўлоб, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Хоруғ, Ишкошим ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд