(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Шашмақом-шоҳкории беназири умумибашарӣ, санъати олии мусиқии классикии миллати тоҷик

Муҳтарам кормандони соҳаи фарҳанг, мухлисону ҳаводорони санъати мусиқии классикӣ!

Ҳамдиёрони азиз!

Ба шарофати даврони соҳибистиқлолии мамлакат Шашмақом чун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард.

Шоистаи зикр аст, ки 12-уми майи соли 2000 бо мақсади рушди минбаъдаи санъати Шашмақом ва ба ансамбли Шашмақоми ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мақоми давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсиб расонида шуда, ҳамасола чун анъанаи накӯ ин рӯз ҳамчун Рӯзи Шашмақом дар қаламрави кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо бо ин санаи фархунда – Рӯзи Шашмақом аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон парвози баланд ва дастовардҳои шоёни ҳунариву эҷодӣ таманно менамоям.

Басо рамзист, ки бо ташаббус ва иқдомҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати Шашмақом аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО ба феҳристи шоҳкориҳои шифоҳӣ ва ғайримоддии мероси ҷаҳонӣ ҳамроҳ гардидааст.

Тӯли асрҳост, ки яке аз шоҳкориҳои беназири умумибашарӣ – санъати мусиқии классикии миллати тоҷик “Шашмақом” ба халқ хизмат намуда, беҳтарин дурдонаҳои ин шоҳасарро ба хизмат ва болоравии маънавиёти аҳли башар равона намудааст.

Ин шоҳкории бебаҳо тӯли асрҳо аз тарафи ниёгони ҳунарофарамон ба дараҷае эҷод гардидаву сайқал ёфтааст, ки дар ҳама лаҳзаҳои шодиву нишот ва мушкиливу печутобҳои зиндагӣ ба инсон аз лиҳози маънавӣ илҳоми дигар мебахшад.

Агар кас бодиққат ба суруду мусиқии классикии “Шашмақом” гӯш диҳад, ҳадяи бузурги ниёгони ҳунармандонро эҳсос мекунад, ки он бо ҷозибаи худаш ба рӯҳ болидахотирӣ, ба тан қувваву ғизои маънавӣ ва ба фардои зиндагӣ умеду дилпуриро талқин мекунад.

Бо чунин таманниётҳои нек бори дигар ин санаи фархундаро ба аҳли эҷоду ҳунар ва кормандони соҳаи фарҳанг муборакбод намуда, бароятон тандурустӣ, умри дароз ва комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно менамоям.