(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори варзишии Гимназияи Гёте мусобиқаи мусобиқаи шаҳрӣ марҳилаи дуюм оид ба волейбол бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рузи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамбаст гардид. Мусобиқаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои макомоти ичроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он 32 даста волейболбозон аз муассисаҳои таълими иштирок ва кувваозмоӣ намуданд.

Дар маросими ҷамбастии мусобиқа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад. Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба дастаҳое, ки дар мусобиқаҳои болозикр ба ғолибият шарафёб гардидаанд, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд