(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва Саидамин Исомаддинзода, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд якчанд нафар ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи шаҳр мавриди аёдат қарор дода шуданд.

Ба аёдатшудагон Маҷид Ширинов, Қутфиниссо Раҳмонова, Самия Азизова, Пӯлод Урмонов, Абдушукр Саидов, Вера Трошинина, Бибифайзӣ Қодирова ва Марҳамат Бобоҷонова кӯмакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд ба маблағи 3000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2000 сомонӣ ва маводҳои ниёзи авваливу тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва Саидамин Исомаддинзода, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд зимни сӯҳбат бо ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи шаҳр эшонро бо 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда таманно намуданд.

Таъкид гардид, ки нуҳуми май барои мардуми мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи неки онҳое, ки дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон мебошад, ки дар ақибгоҳ чандин сол барои таъмин намудани ғалаба аҳлона кор кардаанд. Аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафар – бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо, яъне қувваи асосии корӣ ба майдони ҷанг сафарбар гардида, беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки дар он солҳо заҳмату машаққати ақибгоҳ асосан бар дӯши кӯдакону наврасон ва занону пиронсолон монда буд. Онҳо дар шароити бисёр вазнин ва бо вуҷуди маҳрумияту машаққатҳои сангин фидокорона заҳмат кашида, ҳам мардуми кишварро бо маводи ғизоӣ таъмин карданд ва ҳам дар таъминоти муҳофизони озодии халқҳо саҳми арзишманд гузоштанд. Ба ин маънӣ, фаъолияти мардуми мо дар он солҳои ниҳоят вазнину душвор барои наслҳои имрӯза намунаи ибрат ва сабақи зиндаи заҳмати софдилона мебошад.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд