(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 77 умин солгарди Рӯзи Ғалаба чорабинии тантанавӣ, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, намояндагони Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Баъди садо додани Суруди миллӣ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабиниро расман ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии 77 умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфт. Зикр кард, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисми таркибии он ба ҳисоб меравад, яке аз даҳшатноктарин ҷангҳо дар таърихи инсоният ба ҳисоб рафта, паёмадҳои фоҷеабори он то имрӯз дар вуҷуди мардуми олам боқӣ мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ваҳдату ҳамдастии мардуми олам дар таъмини ин Ғалабаи таърихӣ, ки ба ҳифзи озодӣ ва истиқлоли инсоният нигаронида шудааст, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Қобили зикр аст, ки Ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад».

Таъкид шуд, ки мо аз он ифтихор дорем, ки дар ин Ғалабаи оламшумул ҳиссаи ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистони азиз низ ниҳоят бузург мебошад. Зеро дар набардҳои шадиди ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодаи Тоҷикистон шуҷоату ҷавонмардӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудаанд. Халқи тоҷик номи нек ва корномаи бузурги фарзандони диловари хешро ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад кард, зеро қаҳрамониҳои бемисли онон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Дар шароити вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз, ки оромию осоиштагии мардуми сайёра вобаста ба таҳдиди терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб халалдор шуда истодааст, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони далеру ватандӯсти мо аз мактаби шуҷоату мардонагии падару бобоёни қаҳрамон сабақи зиндагӣ бардошта, бо эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва сулҳпарвариву башардустӣ барои пойдории сулҳу субот, рӯзгори орому осуда, таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои созандаи халқу миллатҳои гуногун талош меварзанд.

Бо гузашти низомии аскарону афсарон ва гузоштани гулчанбарҳо аз ҷониби идораву ташкилот ва муассисаҳо ба пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.

Бояд қайд намуд, ки то ба имрўз дар вилояти Суғд ҳамагӣ 18 нафар иштирокчиёни ҶБВ боқӣ монда, дар чорабинии 77 солагии таҷлили Рўзи Ғалаба 3 нафарашон иштирок намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд