(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Рўзгори қаҳрамонону диловарон барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат ва ватандорию ватанпарастист

Ҳамшаҳриёни азиз!

Мўҳтарам собиқадорони арсаи меҳнат ва ақибгоҳ!

Дар таърихи тўлонии ҳаёти башарият рўйдодҳое ба вуқўъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки имрўз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва тараққихоҳи ҷаҳон бори ҳафтоду ҳафтум таҷлил мегардад, аз ҷумлаи ҳамин гуна рўйдодҳои фаромўшнопазир аст. Ин санаи таърихӣ дар қатори собиқадорони ҷанг ва одамони калонсол барои насли наврасу ҷавон ҳам гиромиву муқаддас аст, чунки он рамзи ватандўстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мост.

Дар ин рўз ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди ҳамлаи фашистӣ бархоста буданд, халқи Тоҷикистон низ саҳми муносиб гузоштааст. Дар он давраи мудҳиш дар Ватани мо кам хонадонеро дучор омадан мумкин буд, ки доғи он ҷанги хонумонсўзро надида бошад. Нуҳуми май моҳиятан рўзи шодиву нишот аст, вале ҳамчунон санаи ёдбуди онҳоест, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд. Мо имрўз дар назди хотираи тамоми қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд меорем. Ёди онҳо ба хайр ва руҳашон шод бод!

Ҳоло даврони истиқлол аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рўзгори чунин қаҳрамонону диловаронро омўзем. Зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои неки инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навин ва тарбияи насли созанда мусоидат менамояд.

Ба ҷой овардани эҳтиром ва расонидани кўмаки беминнат ба иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат қарзи инсониву имонии ҳар як шахси савобҷўй мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар бобати расонидани кўмаки моддӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, бо ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамаи чораҳоро андешида истодааст. Зеро ин масъала яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.

Бори дигар тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро ба муносибати Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик мегўям.

Бигзор, сулҳу амонӣ ва осоишу оромӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ҳукмфармо бошад.