(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Боғи фарҳанги фароғатии ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷомеа ва тарғибу ташвиқи варзиши оммавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти ичроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки доираи васеи ҷавонону сокинони касбу кори гуногун ва фаъолон як рӯзи "Пиёдагардии саломатӣ" ва машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар чорабинии тавонбахшӣ зиёда аз 800 нафар ҷавонону варзишгарон иштироки фаъолона намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, майдону толорҳои варзишӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд машқҳои дастачамъонаи пагоҳирӯзӣ ва чорабиниҳои варзишӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст" доир мегардад. Барои баргузории чунин машғулиятҳои тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд