(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз дар МТМУ 3-и шаҳри Хуҷанд мувофики нақша чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чорабании бошукуҳ бахшида ба 77-умин солгарди-Ғалаба ба зидди Германияи фашистӣ тахти унвони "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад" бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, роҳбари ташкилоти "Русский Дом"-и назди консулгарии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Масан Роман Павлович, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Матлуба Муинова, намояндагони ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ва собиқадорони барқароркунандагони сохти конститутсионӣ бо тантана баргузор гардид.

Нахуст меҳмонон бо мақсади арҷгузорӣ ба хидмати шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 бар пояи лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузоштанд. Дар даромадгоҳи муассиса хонандагон акси пайвандони хеш ва зодагони шаҳри Хуҷанд, ки дар муҳорибаҳои ҶБВ корнамоиҳои ибратбахш нишон додаанд, муаррифӣ намуданд.

Зимни шиносоӣ бо осорхонаи «Бригадаи 99-уми тирандозии алоҳидаи тоҷик», ки дар назди муассисаи таълимӣ ҳанўз соли 1985 бо иқдоми Корманди Шостаи Тоҷикистон Муҳаммадназир Аҳмадов таъсис ёфта буд, иттилоъ дода шуд, ки он дар тарбияи ватандўстиву меҳанпарастии насли наврас саҳми арзандаи хешро гузошта меояд.

Сипас, дар толори муассиса бо иштироки меҳмонон маҳфили илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт. Роҳбарияти муассиса онро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таърих гувоҳ аст, ки ҶБВ аз хунинтарин ва даҳшатноктарин ҷангҳои паси сарнамудаи инсоният аст. Дар набардҳои хунин 27 миллион мардуми шўравӣ ҳалок шудааст ва зиёда аз 1710 шаҳрҳо вайрону валангор ва миллионҳо одамон бехонаву дар монданд.

Андрей Варламов, Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд дар баромади худ зикр дошт, ки ҳамагуна ҷанг оқибати ҷуброннопазирӣ дорад. Иттифоқи Шўравӣ бо халқиятҳои гуногунаш яктану яксар шуда, аз як гиребон сар бароварда, тавонистанд ба зидди фашистони немис истодагарӣ намуда, марзу буми Ватани хешро ҳимоя ва даҳҳо кишвари аврупоиро аз истилогарони немис озод намуда, то дили Берлин рафтанд. Саҳми мардуми Тоҷикистон дар Ғалабаи бузург хеле муассир аст.

Дигар баромадкуннадагон низ доир ба даҳшати ҷанг ва саҳифаҳои ибратбахши он солҳо нақл карданд.

Хонандагон бо шеъру суруд ва гуфторҳо доир ба қаҳрамониҳои бемисли ҳаводиси ҶБВ маълумот доданд.

Суруду рақсҳои мавзун, ки бозгўйи руҳияи баланди мардуми Шўравиро дар солҳои мудҳиши ҶБВ бо санъати баланд намоиш дода шуд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, роҳбари ташкилоти "Русский Дом"-и назди консулгарии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Масан Роман Павлович ба мазмуну муҳтавои чорабинӣ баҳои баланд дода, онро барои рушди худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ғояҳои ватандўстӣ муҳим арзёбӣ намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд