(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар толори Муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд вохўрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, №4 ба ивази вакили хориҷшуда баргузор гардид.

Мулоқотро Илҳом Саидов, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, №4 оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар асоси қарори иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз 16 марти соли 2022, № 292 “Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум” дар ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, № 4 ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда, ки санаи 15 майи соли 2022 баргузор мегардад, аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Конференсияи XXVII ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 8 апрели соли 2022 номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, № 4 Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд пешбарӣ гардид.

Ҳамчунин номзад Мўҳсин Ҷабборов, сартабиби Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании вилоят худпешбарӣ шуд. Аз ҷониби комиссияи ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, № 4 ин 2 номзадҳо ба қайд гирифта шуданд.

Сипас, шахсони бовариноки номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Насим Ҳамробоев баромад намуда, доир ба кору пайкор ва фаъолияти рўзмарраи номзадони пешниҳодшуда иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни мулоқот интихобунандагони ҳавзаи интихоботӣ суолу дархост ва пешниҳодоти хешро ба номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, № 4 ироа намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси шаҳри Хуҷанд, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, № 4 Фирдавс Шарифзода баромад намуда, аз сокинони маҳаллаҳои “Тиллокон” ва “Темурмалик” даъват бо амал овард, ки бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва пойдории сулҳу Ваҳдат дар ободонии маҳалли зист, коргоҳ ва дар маҷмуъ шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссаи хешро гузоранд.

Таъкид шуд,ки суръат бахшидани раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ, ба ин васила таъмини зиндагии шоиста ба мардум асоси фаъолияти шаҳрдориро ташкил медиҳад. Мо ҳамагон дар якҷоягӣ, сарҷамъона баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш намуда, шаҳри бостонии Хуҷандро боз ҳам ободу зебо ва мунаввар созем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд