(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Нахуст, Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳр доир ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи авали соли равон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади таҳкими пойдории бузургтарин дастоварди замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣпайваста чорабиниҳои гуногун, дарсҳои кушод, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонону наврасон ташкил ва баргузор мегардад.Аз ҷумла, соатҳои тарбиявии кушод дар мавзўъҳои “Муҳофизати Ватан-қарзи шаҳрвандии мост”, “Тоҷикистон, дар фазои сулҳ бошӣ ҷовидон!” ташкил карда шуда, озмуни иншо ва расми беҳтарин, аёдати оилаҳои қурбониён ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузаронида мешавад.

Баҳри тарбияи хонандагон дар руҳияи ватанпарварию ватандорӣ, дар ниҳоди онҳо парваридани меҳру муҳаббат нисбат ба китоб дар китобхонаҳои муассисаҳо конференсияҳои адабӣ, чорабиниҳо байни хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуданд. Айни замон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурўғи маърифат” дар соли 2022 дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида истодааст.

Дар сессияи шаҳрии Академияи хурди илмҳо, ки аз рўи 20 бахш 400 нафар хонандагон иштирок намуда, ҷойи 1 – 25 нафар, ҷойи 2 – 41 нафар, ҷойи 3 – 37 нафар, сипоснома- 21 нафар, дар маҷмуъ 124 нафар ба даври вилоятӣ роҳат гирифтанд.

Баҳри ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳои равияи технология, инноватсия ва санъати амалӣ, бедор намудани шавқи онҳо ба омўзиши техника, ихтироъкорӣ, вусъат додани интихоби касб дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дарёфти чеҳраҳои ихтироъкориву навовар бахшида ба истиқболи 25-солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар МТМУ №10 озмуни шаҳрии «Олимпиадаи техникони наврас» гузаронида шуд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-ум, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 44 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, соҳиби 20 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷои 1, 6 ҷои 2, 12 ҷои 3) ва 4 нафар соҳиби Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Сипас Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят баромад намуда, роҷеъ ба талошҳои созанда барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи донишу ҷаҳонбинии хонандагон, тарбияи насли солиму созандаи насли наврас бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», иштироки фаъолона ба озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ, таъмини мутахасисони ҷавон бо ҷои кор, ҷоннок намудани кори Маркази рушди истеъдодҳо ва ғайраҳо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини соҳаро муваззаф намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд