(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Хуҷанд бо мақсади бехдошти тарбияи ватандўстии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, муҳабат ба Ватан, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ варзишии "Ватанпарвар" баргузор гардид.

Мусобиқа дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-уми шаҳри Хуҷанд доир гардида, он аз рўи намудҳои вазнбардорӣ, тирҷойкунӣ ба тирдон, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомати тамғаи "Калашников", дастхобонӣ ва расонидани ёрии аввали тиббӣ баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо имкон фароҳам месозад, ки наврасону ҷавонон ба солимӣ ва таҳкими нерӯи хеш аҳамияти бештар зоҳир намоянд ва дар ҳама ҳолат баҳри ҳифзу ҳимояи Ватану миллати хеш омода бошанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд