(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз ба муносибати Иди саиди Фитр Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода ба қисми низомии 3501-и РВКД ҶТ дар вилоят ташриф оварда, сарбозону афсаронро бо Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфтанд.

Ҳабибулло Хайруллозода, сардори Раёсати тандурустии вилоят номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Иди саиди Фитр ба самъи аскарону афсарону қисми низомӣ расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки “Дар ин моҳи муборак ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, анҷом додани корҳои нек, аз ҷумла хайру саховат, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон ва камбизоату муҳтоҷон аз сифатҳои хубу инсондӯстонаи ҳар як фарди некхоҳу некандеш маҳсуб меёбад. Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат зикр мекунанд, ислом дини адолату инсоф буда, ҳама гуна кирдорҳои зишт, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум намуда, бархилофи зуҳуроти манфии таҳдиду хатарҳои муосир инсонро ба сулҳу осоиш, касби ризқи ҳалол, ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда раҳнамоӣ мекунад”.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳайати шахсии қисми низомиро бо Иди саиди Фитр таҳният намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Ба шарофати истиқлолияти давлатии кишварамон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ соҳиби имконияти васеъ гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад.

Сарвари кишвар дар аксари мулоқоти худ таъкид мекунанд, ки дар давлати озоди демократӣ ва дунявӣ имрўз имкон дорем, таълимоти созандаи дини мубини ислом, бахусус, тарғиби дўстиву муҳаббат ва кўмаку дастгирии байниҳамдигариро дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем. Боиси хушнудист, ки мардуми Хуҷандшаҳр аз ҳамаи ин фазилатҳои бузургонамон огоҳии амиқ дошта, чун анъана дар рўзҳои моҳи табаррук ба дастгирии мўҳтоҷону ниёзмандон мешитобад.

Таъкид шуд, ки имрўз давлату ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри таъмини зиндагии шоиста ва иҷрои рукнҳои дини мубини ислом шароиту имконоти муассир фароҳам овардаанд. Бигузор бо таҷлили ин иди суннатӣ меҳру муҳаббат ва масъулияти мо нисбат ба якдигар дучанд гардад ва ин соли таърихӣ - 25 – солагии Рўзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастоварду муваффақиятҳои бузург истиқбол намоем.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода аз вазъи хизмати аскарон аз наздик шинос шуданд.

Бояд қайд намуд, ки имрўз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд бахшида ба Иди саиди Фитр барои аскарону афсарон дастархони идона густурда шуда буд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар имруз дар тамоми қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бо оростанаи дастархони идона роҳандозӣ карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд