(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар майдони ҳудуди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ, обҳои ташнашикан ва дигар ниёзи аввалия ба муносибати Иди саиди Фитр баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровон намудани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 10-20 фисад арзон бошад. Таваҷҷуҳи бештар ба афзун намудани номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалия карда шуд, то ин, ки дастархонаи идонаи мардум бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди харидорон ва фурӯшандагон таъкид намуд, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ, обҳои ташнашикан ва дигар ниёзи аввалия дар остонаи Иди саиди Фитр тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони идонаи мардум сурат гирифта, чун анъана минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ ташкил карда мешавад.

Дар ярмарка тақсимоти беш аз 2000 дода нони ройгон низ ба роҳ монда шуд.Бояд қайд намуд, ки нархи як халта орди 50 килоӣ 300 сомонӣ, як кило гӯшти гов 50 сомонӣ, як кило биринҷ 8 сомонӣ, як кило макарон 10 сомонӣ, як кило картошка 2 сомонӣ, як кило сабзӣ 2 сомонӣ, як кило пиёз 2 сомонию 50 дирам ва ғайра арзиш дошт. Маҷмуъан хоҷагиҳо кишоварзии вилоят беш аз 150 тонна маҳсулот пешкаш намуда буданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд