(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАбдумуталлиб Маҳмудов, донишҷўйи соли панҷуми факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, ки дар дирўз дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ сурат гирифт, изҳор дошт, ки баъди супоридани имтиҳоноти хатм бо амри дил ба хизмати ҳарбӣ меравад.

Абдумуталлиб Маҳмудов, аз нахустин шумори дониҷўйи ватандўст, меҳанпарвар, садоқатпешаи шаҳри Хуҷанд мебошад, ки баробари оғози даъвати баҳоронаи наваскарон ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза навишт, то ин ки дар ҳифзи Ватан дарси мардонагӣ омўхта, аз имтиҳонот ҳаёт гузарад.

Дар тарбияи ин ҷавони ватандўст саҳми волидайни ў, бахусус падараш Муқим Маҳмудов беназир аст, ки дар ниҳоди фарзанди хеш дўст доштани Ватан, пос доштани якпорчагии Тоҷикистони азиз, муқаддас будани ҳар як ваҷаби сарзамини аҷдодиро талқин намуда, ин ҷавонмардро дар руҳияи ватанпарастӣ ба камол расонидааст.

Абдумуталлиб, сокини маҳаллаи “Раззоқ” буда, 26 сола мебошад ва оила фарзанди дуюм аст. Мавсуф дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, ифтихор аз он дорад, ки дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони муқаддас таваллуд шудааст ва зиндагӣ дорад. Мегўяд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ имтиҳони ҷиддӣ аст, барои ҷавонписарон марҳилаи басо ҳассосу тақдирҷунбон маҳсуб меёбад. Ҷавононе, ки аз оила, мактаб ва муҳити созгор тарбияи хуб гирифтаанд, хуни гарми мардонагӣ доранд, ҳатман барои ҳифзи Ватан мераванд ва ҳимояи волидайни худ, оилаи худ ва хешу ақраборо рисолати ҷонии худ медонанд. Нафаре, ки хизмати Ватан мекунад ба қадри падару модар, аҳли хонавода, ҳамкорон, сарзамин ва амну осоиштагии имрўза мерасад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд