(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Имрӯз дар МТМУ №6-и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавадаз тарафи 3 омӯзгор, Умеда Исматова, омӯзгори синфҳои ибтидоии гимназияи «Эҳёи маънавият» дар синфи 2 аз фанни математика дар мавзӯи «Тақсим ва хусусиятҳои он», Ҷӯрабой Бобоҷонов, омӯзгори фанни физикаи литсейи донишкадаи политехникӣ дар синфи 10 дар мавзӯи «Чен кардани қувваи ҷараён ва шиддати занҷир», Ҳотамова Муқаддас – омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ №15 дар синфи 9 дар мавзӯи «Шаклсозӣ дар санади HTML» гузаронида шуданд.

Машғулиятҳо аз ҷониби довталабони озмун тибқи муқаррароти низомномаи озмун бо истифода аз васоити муосири таълим бо усули фаъоли таълим бо иштироки мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева, намояндагони шуъбаи маориф, омўзгорони ботаҷрибаи макотиби миёнаи шаҳр баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки чанде қабл дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд даври аввали озмун сурат гирифта, дар даври байни муассисавӣ 27 нафар иштирок намуданд. Озмун аз рўйи шартҳои кор бо компютер ва тахтаи электронӣ; саволҳо оид ба санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ; гузаронидани дарси намунавӣ; соати тарбиявӣ, таҳлили дарс; гузаронидани маҷлиси падару модарон ва муаррифии фаъолияти корӣ сурат гирифт.

Дар даври ниҳоии шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ 6 нафар довталабон муайян шуданд, ки беҳтаринҳо баъди баргузории машғулиятҳои намунавӣ ва таҳлили фаъолияти корӣ ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо дарёфт намудани кормандони педагогии боистеъдод, навовару эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони беҳтарини шаҳр мебошад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд