(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМояи ифтихор ва ибратед

Садамаи Нерўгоҳи барқӣ - атомии Чернобил, ки 26 апрели соли 1986 рух дод, бузургтарин фоҷиаи садаи ХХ маҳсуб меёбад.

Мутаассифона, бар асари он дар якчанд давлатҳои ҷаҳон ифлосшавии радиатсионӣ мушоҳида шуда, аксари аҳолии ҳамшафат зарар диданд. Таъсири манфӣ ва пайомадҳои ногуворе аз он садамаи мудҳиш то ҳанўз боқӣ мондааст.

Барои бартарафсозии оқибатҳои он аз ҷумҳурии мо ҳам зиёда аз 6 ҳазор нафар, аз ҷумла, аз шаҳри Хуҷанд 120 нафар сарбози дар эҳтиётбуда сафарбар гардид. Бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил аз лаҳзаҳои аввалини ба вуқўъ омаданаш, яъне 26 апрели соли 1986 то моҳи декабри соли 1990 сурат гирифт ва зиёда аз 1 миллион нафар дар ин минтақаи барои саломатӣ хатарноку маргбор заҳмат кашид.

Зикр бояд намуд, ки таъсири садамаҳои гуногуни радиатсиониву атомӣ сокинони сайёраи заминро бетараф гузошта наметавонад. Аз ин рў, бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 26 апрел ҳамчун Рўзи байналмилалии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ эълон гардид, ки ҳамасола ёдашон гиромӣ дошта мешавад ва ба иштирокчиёни бартарафсозии ин садамаи глобалӣ таваҷҷўҳ зоҳир карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри таҳкими инсон-дўстиву адолат дар сайёра талош намуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Далели ин гуфтаҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштирокчиёни садамаи Чернобил» ба ҳисоб меравад.

Гузаронидани Рўзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи барқии атомӣ, аёдати беморон ва шинохтани қадри аъзои фаъоли ҷамъияти «Иттифоқи чернобилчиён» низ аз дастгириву ғамхории пайвастаи роҳбарияти вилояту шаҳр дарак медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади гиромидошти хотираи онҳое, ки бар асари ин фалокат аз ҳаёт рафтаанд ва инчунин, таъмини иштироки бевоситаи чернобилчиён дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва ҳалли муаммоҳои мавҷудаи онон тадбирҳои судманд меандешад.