(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Донишкадаи полтехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд даври донишкадавии озмун баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дДаври аввали озмун дар факултетҳои донишкада байни донишҷӯён аз курси як то чор тариқи анкета-пурсишнома, ки дар он ҷадвали саволҳо аз миқдори китобҳои хондашуда ва байтҳои ҳифзкарда иборат буданд, гузаронида шуд. Аз байни иштирокчиён донишҷӯёни бисёр қироатнамуда ва ҳифзкарда интихоб шуда, дар даври дувум даъват шуданд. Дар даври дувуми озмун 25 нафар донишҷӯён аз 4 факултет иштирок намуда, 17 нафар баргузида шуданд, яъне онҳо ба даври севум роҳхат гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар байни донишҷӯёни донишкада нафароне ҳастанд, ки бо эҷоди шеър машғул буда, бо шоирони муосир робита доранд ва малакаву истеъдоди худро сайқал дода истодаанд. Инҳо донишҷӯёнии соли дуюм Аминзода Абдусаттор ва Деҳқонов Амирҷон ва Олимзода Хусрав мебошанд. Барои аз шеъру шоирӣ бохабар шудан ва инкишофи завқи бадеӣ донишҷӯёни номбаршуда ду сол боз аъзои маҳфили илмии “Фарҳангшиносон” мебошанд, ки роҳбарии онро омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Муллоусмонова Г.Ғ. ба зимма гирифтааст. Донишҷӯён бо устодони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ низ дар самти эҷодӣ пайваста дар алоқа мебошанд. Аксари иштирокчиёни ин маҳфили номбурда дар озмун иштирок намуданд ва ҷойҳои сазоворро гирифтанд.

Даври донишкадавии озмун, ки дар толори донишкада ботантана гузаронида шуд, бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба корҳои илм ва инноватсия Ахмедов У. баромад намуда, доир ба мақсад ва моҳияти озмун ҳарф зад ва таъкид карда гуфт, ки имсол низ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи муассисаҳо ва макотиби олӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуда истодааст. Зикр шуд, ки дар Донишкадаи политехникӣ низ озмун ҳар сол дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Ҷӯраева Д. таъкид дошт, ки хондани китоб, на балки нутқро инкишоф медиҳад, ҳамзамон ба кас завқи бадеӣ мебахшад, инчунин ниҳоди инсониро пок месозад ва ба накукориву созандагӣ ҳидоят мекунад. Он касе ки пайваста китоб мехонад, тафаккураш низ рушд мекунад ва тавфиқ меёбад. Бо шукрона аз ваҳдату оромии Тоҷикистон гузаронида шудани чунин чорабиниҳо боиси сарбаландии мост ва моён ҷавобан ба ин дилсӯзӣ ва иқдомоти наку бояд бештар омӯзем, сулҳу суботи кишварро таҳким бахшем, дар амал дониши хешро татбиқ намоем.

Сипас, баъди санҷиши ҳакамот ғолибони даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” муайян шуданд.

Ҳамин тавр, ки дар номинаи “Адабиёти ҷаҳонӣ” Хушнуда Каримова, Рисолатбону Маҳмудова ва Зебунисо Маҳмудова мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Дар бахши “Адабиёти классикии форсу тоҷик” мақоми аввалро Мӯҳсин Бобоев, зинаи дуюмро Пайрав Шокиров ва ҷойи сеюмро Олимҷон Саидов ба даст оварданд.

Дар номинаи “Адабиёти муосири тоҷик” Ҷаҳонгир Курбонқулов ва Дониш Шарипов ҳамчун ғолибон эътироф гардиданд.

Маърифат Мавлонова, Абдусаттор Аминзода ва Амирҷон Деҳқонов дар номинаи “Эҷодиёти назму наср” ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Ғолибони номбурда дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” қувваи хешро месанҷанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд