(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои бузурги савдо мулоқот баргузор гардид.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Тахмина Усмонова баромад намуда, нахуст оид ба қарорҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят “Дар бораи манъ намудани фурўши маҳсулотҳои хўроквории тезвайроншаванда, хуришҳои консервашудаи дар шароити хона тайёршуда, истеҳсол ва фурўши яхмос ва нўшокиҳои ташнашикан ва ҷойҳои ғайримуқаррарӣ”, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маҳсулотҳои хўроквории зикршуда ба тасвиб расидааст, иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки бархе ин маҳсулот аз ҷониби соҳибкорон бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулот, нишондодҳои реквизитӣ ба савдо пешниҳод гардида, дар ҷойҳои хизматрасонӣ мавҷуд набудани шароити шустушўй ва безараргардонии зарфҳои истфодагардида, набудани шароити нигоҳдорӣ ва воситаҳои техникӣ, бевосита дар зери нури офтоб ҷой доштани онҳо ва риоя накардани оддитарин талаботи санитарию гигиенӣ, эҳтимолияти пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемориҳои шадиди меъдаю рўда, заҳролудшавӣ ва бемориҳои сироятии оммавии бо ғизо ва ба об алоқамандро дар байни аҳолии вилоят зиёд мегардонад.

Тахмина Усмонова аз роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдои хўрока қатъиян талаб намуд, ки зимни фурўши маҳсулоти қаннодӣ ба талаботи санитарию гигиенӣ риоя намуда, шароити нигоҳдории онҳоро тибқи муқарарот роҳандозӣ намоянд. Ҳангоми интиқоли чунин маҳсулот аз нақлиёти махсусгардонидашуда, ки дорои шаҳодатномаии санитарӣ мебошанд, истифода намоянд.

Сипас, Камолҷон Зоидбоев, сардори шуъбаи гигиенаи хўрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд доир ба мавзуи матраҳшуда маълумоти муфассал ироа намуд.

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва пешниҳодоти мушахас анҷом пазируфт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд