(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Вокуниш ба маводи танқидии шаҳрванд Даврон Урунов дар хусуси банд шудани роҳи қубури об ва ҷорӣ шудани селоба дар роҳи микроноҳияи 18-уми шаҳр.

Баъди интишори маводи мазкур бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби масъулини Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва комуналии шаҳр чораҳои фаврӣ андешида шуд. Маълум гардид, ки дамгаҳи қубури роҳгузари канори роҳи микроноҳияи 18-ум бо партовҳои гуногун пур гардида, барои ворид шудани об монеа эҷод шудааст. Аз ин лиҳоз бинобар боридани борони шадиди субҳи имрўза, селобаи ҷўйбор самти ҳаракати хешро дигар намуда, ба роҳи хиёбони Рифъат Ҳоҷиев баромадааст.

Мушкилот бартараф ва қубури ҷўйбор ба ҳолати корӣ дароварда шуд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш ба амал оварда мешавад, ки партовҳои хешро дар ҷойи муайяншуда гузоранд, на дар ҷўйбору истгоҳҳо, ки боиси рух додани чунин мушкилот мегардад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд