(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Мувофиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтае як маротиба дар мақомоти маҳаллӣ қабули шаҳрвандон баргузор мегардад.
Аз субҳи барвақт сокинони маркази вилоятро бо назардошти масалаҳои баррасишавандаашон роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳр қабул намуданд.
Қисмати асосии муроҷиати шаҳрвандон ба Раиси шаҳри Хуҷанд иртибот дошт.
Раҷаббой Аҳмадзода сокинони маркази вилоятро доири масалаҳои баҳси соҳибмулкӣ, манзил, оилавӣ, таъмини замини наздиҳавлигӣ, дархости кӯмак барои сохтмони манзил, маводи ғизо ва ғайра қабул намуда, вобаста ба арзу шикояти онҳо ба муовинони худ, роҳбари дастгоҳ мудирони шӯъба дастуру супоришҳои мушаххас дод. Бо масалаҳои дар боло зикргардида зиёда аз 40 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда, ба саволу мушкилоти худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар интиҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз натиҷаи қабули шаҳрвандон тариқи «Равзанаи ягона» хулосабардорӣ намуда ба роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ супориши қатъӣ дод, ки барои ҳалли мушкилоти мардум масъулиятшинос бошанд.
«Ҳадафи асосии фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ сари вақт огоҳ будан аз муаммои мардум аст. Корманди мақомати маҳаллӣ бояд нисбати пешгирӣ намудани тамоми зуҳуроти қонуншиканӣ оштинопазир бошад. Зеро дар симои ҳар яки мо мардум ба фаъолияти ҳукумати маҳаллӣ баҳо медиҳад.»
Ба муовинон, роҳбари дастгоҳ супориш дода шуд,ки назоратро нисбати иҷроиши дархости мардум, таъмини шаффофияти фаъолияти сохторҳои маҳаллӣ пурзӯр намоянд.a