(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фаъолзанон дар маҳаллаҳо вохурӣ доир менамоянд.Таи чанд рӯз аст, ки гурӯҳи мушоҳидон-фаъолзанони Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаҳои “Бофанда”, “Сари баландӣ”, «Раззоқ» ва «Навбаҳор», Суғдиён, Мевағул ва чанде дигар маҳаллаҳои маркази вилоят бо гурӯҳи мушоҳидони кумитаи маҳаллаҳои мазкур ва занони хонанишини маҳалла сӯҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ бобати дастрасии занони маҳал ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд ва санадҳои ҳуқуқии ба имзорасондаи Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба тасдиқи Барномаҳои давлатии марбут ба занон, ҳунаромӯзии занону духтарон, бахусус ҳунарҳои қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ дар марказҳои таълимию истеҳсолӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», фарогирии духтарон ба таҳсил баъди хатми синфи 9, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва маърифати либоспӯшӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунии занон ва омилҳои номатлуб аз қабили худкушӣ ва сӯиқасд ба он, никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ,хушунати хонаводагӣ сӯҳбати судманд доир гардид.
Сокинони ба масъулин ва мушоҳидон саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Баргузории чунин вохӯриҳо дар дигар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр идома дорад.