(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ифтитоҳи толори варзишӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар арафаи ҷашнгирии иди фархундаи миллӣ, таҷлили 23 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба истифода додани иншоотҳои нав ва коргоҳхо идома дорад.
Имрӯз дар микроноҳияи 13-уми маҳаллаи «Мевағул», толори варзишӣ, ки аз соли 2000-ум инҷониб бекор хобида буд, аз нав таъмир гардида ба истифодаи сокинони маҳалла дода шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомадагонро бо рӯзи истиқололият табрик намуда, зикр  кард,ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи маърифати баланд ва ахлоқи ҳамидаи насли наврас хамеша ғамхорӣ менамоянд. Пайдо шудани чунин имкониятҳои тамрину обутобёбӣ барои варзишгарони наврас, маҳз аз шарофати чунин ғамхории сарвари давлат аст. Лозим ба қайд аст,ки иқдоми таъмир ва ба истифодадиҳии иншооти мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯи кор омада, дар оғози соли равон бинои мазкур ба ихтиёри Мактаби варзишии захираҳои олимпии шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.
Баъди ба тасвиб расидани қарори дахлдор Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, то бинои мазкур таъмир гардида барои толори варзиш мутобиқ карда шавад.
Ҳоло зиёда аз 100 нафар ҷавонону наврасони аз 7 то 22 сола таҳти назорати се нафар мураббиёни варзида имкон пайдо намуданд, тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо намудҳои варзишӣ аз қабили бокс ва вазнбардорӣ машғул шаванд.
Маблағи умумии таъмир зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил дода, дар корҳои азнавсозии он варзишгарон- соҳибкорони маҳаллӣ Фаррух Ҳусейнов ва Муртазохон Алиев низ саҳм гузоштанд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои иштироки фаъолона ва саҳми арзандаашон дар корҳои ободонӣ ва барқарорсозии толори варзишии мазкур ба онҳо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучандро супорид.
Ҳамзамон дар қисми дигар бинои мазкур филиали № 6 Китобхонаи оммавии вилоятӣ ба номи Т Асирӣ ҷойгир аст. Раиси шаҳри Хуҷанд аз корҳои таъмири ин китобхона низ дидан намуда, аз сифати он изҳори қаноатмандӣ баён намуд. Китобхона дорои 7 ҳазор адабиёти гуногун буда, шумораи хонандагонаш асосан аз ҳисоби сокинони маҳаллаи мазкур аст.
Китобдорон ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири дастрас намудани китобҳои бачагона дархост намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод,ки барои зиёд гаштани миқдори китоб дар рӯзҳои наздик адабиёти бачагона харидорӣ намуда, тӯҳфа карда шавад.
Ҳамчунин барои ободонии мавзеъ ба мутасаддиён дастурҳои мушаххас дода шуд.