(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар майдони ҳудуди театри мазҳака-мусиқавии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, дар кабудизоркуниву хуррамгардонии шаҳр саҳм гузоштанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу зебо намудани гирду атрофи иншооти маъмурӣ, кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки бо наздик шудани фасли баҳор бояд корҳои сабзкорӣ вусъат бахшида шаванд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд