(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и ш.Хуҷанд ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афсарону сарбозони Гарнизони Суғди Комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрикоти Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода расонида шуд.

Гуфта шуд, ки имрӯз Артиши миллии мо бо роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як артиши пурқувват ва бонизом табдил ёфта, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ҳамеша содиқ ва омода ҳастанд.

Вазъи сиёсии ҷаҳони муосир бори дигар моро водор намуда истодааст, ки мо бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри тинҷу оромии кишвари маҳбубамон ҳамеша тайёр бошем.

Боварӣ карда шуд, ки мардуми сарбаланду меҳнатқарини Тоҷикистони биҳиштосоямон садсолаҳо дар фазои сулҳу субот ва амнияти миллӣ умр ба сар бурда, барои наслҳои ояндаи худ як давлати абарқудрату пешрафтаро мерос хоҳем гузошт.

Дар навбати худ аз ҷониби роҳбарияти қисми низомӣ барои таваҷҷӯҳ изҳори миннатдорӣ карда шуда, таъкид гардид, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматии худ боз ҳам кӯшиш намуда, баҳри ҳифзу оромии Ватани азизамон ҳамеша омода ва содиқ мемонем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд