(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси вилояти Суғд меҳмони манзили шоира Фарзона шуд.Аёдату хабаргирии шахсони барӯманди диёр дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст.
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири аёдат ба манзили истиқоматии собиқадори меҳнат, профессор, устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, модари Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, Бароат Ҳоҷибоева омаданд.
Меҳмононро фарзандони муаллима,- шоира Фарзона, профессор Матлуба Хоҷаева ва дигарон самимона пешвоз гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ онҳоро бо фарорасии ҷашни шукӯҳманди давлатӣ- 23 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, изҳор намуд, ки дар таҳкими арзишҳои худшиносию ватандӯстӣ ва тарбияи насли созандаю бунёдкор саҳми омӯзгори маъруф Бароат Ҳоҷибоева ва шоира Фарзона қобили зикр аст. Раиси вилояти Суғд меҳмони манзили шоира Фарзона шуд.Аз ҷониби Абдураҳмон Қодирӣ ба шоираи ширинбаён Фарзона нусхаи аввалини девони дуҷилдаи ғазалиёти муаллиф супорида шуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки санаи 1 сентябр Қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Ҳуҷандӣ» ба имзо расидааст. Пешбинӣ мешавад, ки асоси фаъолияти марказ аз пажӯҳишу тарғиби осори илмию адабии шоирону адибон иборат хоҳад буд.
Собиқадори меҳнат, профессор Бароат Ҳоҷибоева ва шоира Фарзона барои таваҷҷӯҳ ва ғамхории пайваста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳру вилоят изҳори сипос намуданд.