(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо иқдоми раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд дар каҳвахонаи «Хушбахтӣ»-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Баланд бардоштани огоҳӣ ва ҳассосияти ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зўроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва муқаррарот оид ба баробарии гендерӣ ва вокуниш ба зўроварӣ» бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони вилоятию шаҳрӣ, шуъбаҳои ҷавонон, бонувон, кор бо маҳаллаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва дигар ташкилотҳои марбут ба ҳифзу озодиҳои занон ва пешгирикунандаи зӯроварӣ семинар баргузор гардид.

Хуршеда Хоҷазода, сардори раёсати бо занон ва оилаи вилояти Суғд ташкили чунин семинарҳоро ба манфиати ҷомеа арзёбӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ҷараёни мубодилаи андешаҳо бояд механизми ҳамкории субектҳо байни ҳамдигар бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, бозфиристондани ҷабрдидагон барои гирифтани хизматрасонӣ ва дастгирии шахсони ҷабрдида аз зӯроварӣ дар оила пешниҳод ва муайян карда шавад.

Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марҳабо Олимӣ намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърўзаҳои худ ҷиҳати ҳуқуқу озодиҳои занон ва пешгирии зўроварӣ дар оила ва ҷамъият баромад намуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни семинар зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан ба роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд майли худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ тақвият дод.

Дар ин раванд яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин пешрафти занон дар ҷомеа, таҳкими мақому манзалати онҳо, таъмини ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ буд, ки раванди мазкурро бе пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила ва қадамҳои устувор гузоштан дар ин самт тасаввур кардан ғайриимкон буд.

Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмину кафолати ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон аз тарафи давлат ва ҳукумат ва мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» таҳия ва қабул гардида, дар заминаи қонунҳои болозикр ба дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ки барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила мусоидат намуда истодаанд.

Таъкид шуд, ки бояд ҳамшарикии сохторҳои давлатӣ бо кумитаҳои маҳаллаҳо ва сарварони ғайрирасмии ҷомеа оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ба таври доимӣ дар сатҳи маҳал ташкил гардад. Субектҳои масъул уҳдадоранд, ки дар баҳодиҳӣ ба ҳама намуди иттилоъ ва маълумотҳо дахолат намоянд. Зеро ҳангоми гирифтани чунин иттилоъ субектҳои масъул муваззафанд, ки вокуниш нишон дода, чораҳои далдор андешанд.

Семинар дар фазои ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ анҷомид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд