(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Журналистони оянда соҳиби студияи таълимӣ шуданд.Соли нави хониш дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар оғоз гардид. Ба ҳукми анъана даромадааст,ки дар чорабиниҳои бахшида ба оғози соли нави хониш ва Рӯзи дониш воқеаи фараҳбахш мувофиқат мекунад. Устодону донишҷӯёни бахши журналистии Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро дар Рӯзи дониш тӯҳфаи сазоворро соҳиб гаштанд. Дар кафедраи журналистикаи ин боргоҳи илму маърифат студияи таълимии «Фурӯғ» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд дар маросими фаъолсозии студияи таълимии телевизионии «Фурӯғ»-и назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
Абдураҳмон Қодирӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти телестудия ҳусни оғоз бахшида, дар хитоб ба донишҷӯён таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани малакаи касбӣ аз васоити техникии муосир самаранок истифода баранд. Журналистони оянда соҳиби студияи таълимӣ шуданд.Зимни сӯҳбат бо донишҷӯён Раиси вилоят оғози соли нави хонишро табрик гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки дар соли таърихии 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600 – солагии мавлуди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ донишҷӯёну омӯзгорони вилоят дар таълиму тарбияи насли худогоҳи миллат ва азбаркунии дониш ба муваффақиятҳои бештар ноил мегарданд.
Студияи телевизионӣ бо маблағи наздик 60 ҳазор сомонӣ таъсис ёфта, он пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Сипас Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳамроҳии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ташриф оварда, донишҷӯёну устодонро бахшида ба фарорасии Рӯзи дониш табрик гуфт.
Зимни суханронии худ Раиси вилоят изҳор дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд яке аз бонуфузтарин боргоҳи таълимии вилоят маҳсуб ёфта, шумораи донишҷӯёни он аз 26 нафари соли 1932 ба 13 000 нафар расидааст. Танҳо соли хониши 2013 -2014 ин донишгоҳро 513 нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм карда, дар пешбурди хоҷагии халқ нақши назарраси худро мегузоранд.
Имсол бошад тариқи низоми тестӣ наздик 2500 нафар ба донишгоҳ дохил шудаанд, ки аз ин 1156 нафар тариқи буҷет ва 1317 нафар шартномавӣ таҳсил хоҳанд кард. Ҳамзамон таъкид шуд, ки имсол маоши устодон 20 фоиз афзун гардидааст.
Сипас Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамроҳии ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд пахши мустақими суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро, ки бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифт, тамошо намуданд.