(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва ҳафтаи математика бо хонандагони синфҳои 6-ум, таҳти роҳбарии омўзгори фанни математика М. Муртазоева ҳисоботи эҷодӣ таҳти унвони «Математика - маликаи фанҳост» гузаронида шуд.

Хонандагон бо мафҳуму ифодаҳои математикӣ ба гуруҳҳо тақсим шуда, донишҳои омўхтаи хешро аз фанни математика манзур доштанд. Ҳамчунин муҳассилини ин муассисаи таълимӣ бо муаррифӣ намудани дастовардҳои зеҳнии худ аз омўзиши хуби фанни математика шаҳодат доданд. Таъкид шуд, ки математика бо тамоми фанҳо алоқамандии зич дошта, бахусус дар замони муосир зарурати омўзиши амиқи он ба миён омадааст.

Моҳира Азимова, диреткори литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд ба ҳисоботи эҷодии хонандагони синфи 6-ум аз фанни математика баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр дошт, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро масъалаи муҳимтарини ҷомеа номида, ғамхорӣ ба ин соҳаи тақдирсозро ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва давлат меноманд. Воқеан, маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат мебошад. Хушбахтона айни замон шумораи шавқмандии муҳассилини литсей барои омўзиши фанҳои дақиқ афзун гардида, хатмкунандагон ба беҳтарин муассисаҳои олии ватанӣ ва хориҷӣ дохил шуда истодаанд. Барои тарбияи хонандагони босаводу лаёқатманд дар литсей тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Хонандагонро лозим аст, ки бо истифода аз имконот ва вақти қимати хеш ба донишазхудкунӣ машғул шуда, чун мутахасиси арзанда Ватани хеш ба воя расанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд