(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз дар Кохи Рўдакии шаҳри Хуҷанд дар чорабинии расмии натиҷагирӣ аз озмуни вилоятии «Хомаи созанда» Зокирҷон Холов, наворбардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд аз рўйи номинаи «Инъикоси лавҳаю гузоришҳои дастоварди Истиқлолият, рушди сайёҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо» мақоми дуюмро касб намуда, бо диплом ва маблағи пулии 4000 сомонӣ қадршиносӣ гардид.

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода Зокирҷон Холовро бо ин дастовард таҳният гуфта, диплом ва маблағҳои пулиро тақдим намуд.

Мубораку фархунда бод, шогирд, даспарвар, ҳамкор ва дўсти содиқ ин дастоварди беназир дар оғози соли нави 2022!



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд