(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби шӯъбаи кор бо занон ва оила бо занони ҳунарманд, ки дар соли 2021 соҳиби грантҳои Президентӣ, Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд, мулоқот доир гардид.

Нахуст чорабиниро мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳорӣ ифтитоҳ намуда, бобати нуктаҳои асосии Паёми навбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб шудани онҳо, арҷгузорӣ ба номи мукаддаси зан-модар, ҳамчунин рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкорӣ занон ибрози назар намуд.

Қайд гардид, ки дар ин замина Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон баҳри дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти ракобатпазирии занон дар бозори меҳнат, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон пайваста тадбирҳои зарурӣ андеша истодааст.

Мақсад аз баргузории вохурии мазкур баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ, бо шуғл ва касбомӯзи фаро гирифтани занони хонашин ва бекор, мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода намудани шогирдон, пешниҳоди шакли дурусти ҳуҷҷатҳои молиявӣ маҳсуб меёбад.

Сипас, директори Фонди қарзи хурди "Имон" Муяссара Пулотова оиди пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, ташкил ва инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ба ҳозирин маълумот дод.

Бояд тазккур дод, ки тадбири мазкур дар доираи нақшаи амали " Барномаи давлатии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" роҳандозӣ гардид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд